Истеъдоди Худододи худро чи хел ёбем? | Психолог | Ҷамшед Рузимуродов
Истеъдоди Худодод — чи гуна аст? Дар замони ҳозира қариб ҳама диққати худро ба ҳамин ҷумла додаанд. Гуё истеъдоди Худодод як чизи дастнорасу фикран душвор аст. Мо фикр мекунем — кадом касб бошад? Баъзан шабу рӯз ба фикрҳои ҳавоӣ дода мешавем: Чи гуна истеъдодамро ёбам? Чи гуна? Бо кадом роҳ? Агар каме оддӣ карда фаҳмонем: Истеъдоди Худодод — Якчанд маъно дорад! Якчанд роҳҳо дорад! Хело мавзӯи чуқур аст. Яке аз роҳҳои каме равшантар — Ин "Худшиносӣ" аст. Истеъдоди Худодод дар вуҷуди мост. Дар қалби мо. Яъне — муҳаббати худро бедор кардан аст: Муҳаббат ба худ Муҳаббат ба Худованд Муҳаббат ба ҳаёту зиндагӣ Ва муҳаббат ба касбу кор Қариб 99% одамон Берунан дигар — дарунан дигар. Чӣ касбу корҳои баландмартаба бошад, Чӣ оддитарин коргар — Ҳамагон мисли бо ниқоб (маска) зиндагӣ мекунанд: Берунан худро хуб нишон медиҳанд, Аммо дарунан чи қадар нооромӣ, Фикран — азоб. Истеъдоди Худодод — Дар қалби хотирҷамъӣ аст. Дар муҳаббат аст. Қалби хотирҷамъӣ гуфта — Баҳазурӣ, бепарвоӣ ва ё танбалиро дар назар надорам. Қалби хотирҷамъӣ — Тамоман дигар маъно дорад. Дар он муҳаббати ҳақиқӣ ҷойгир аст. Вақте ки истеъдоди Худододии худро пайдо мекунед ё бедор месозед: Фикратон ором мешавад Қалбатон хотирҷамъ Касбатонро дуруст ривоҷ дода метавонед Ва беҳтарин идеяҳоеро, ки ба саратон меоянд, ба амал табдил медиҳед Яъне инсон дарунан ривоҷ ёбад — Берунан ривоҷ меёбад. Телеграм барои тағйир додани ҳаёти худ: t.me/umedinav Ватсапи менеджер барои суҳбат бо устод: wa.me/992504444911 Инстаграми устод: @jamshed_ruzimurodov