G
enby!

Дидгох - Шухрати чахонии Мавлоно

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз бузургтарин шоирони ирфонӣ ва мутафаккирони асри XIII ба ҳисоб меравад. Осори ӯ, бахусус “Маснавии маънавӣ” дар тамоми ҷаҳон ҳамчун яке аз беҳтарин ганҷинаҳои адабиёти башар шинохта шудааст. Шеъру андешаҳои Мавлоно танҳо ба як қавму миллат тааллуқ надоранд. Ӯ бо сухан аз муҳаббат, ваҳдати инсонӣ ва зебоии ҳаёт ҳарф мезанад. Аз ҳамин сабаб осори ӯ ба ҳамаи инсоният тааллуқ дорад ва дар фарҳангҳои гуногун пазируфта мешавад. Осори Мавлоно ба садҳо забонҳои дунё тарҷума шудааст ва  дар Амрикову Аврупо Мавлоно яке аз пурхонандатарин шоирон ба шумор меравад.

Смотрите также