Исфара: устои мебелро барои 100-сомонӣ куштанд.
Овозаҳо дар байни мардум хеле зиёданд. Яке мегӯяд байни қотилу мақтул барои 100-сомонӣ пули мебел ҷанҷол бархоста, бо куштор анҷом ёфтааст, дигарӣ ҳадс мезанад, ки онҳо пештар хусумат доштаанд ва пул танҳо баҳонае буд, барои ба дом афтонидани ин устои гулдаст, саввумӣ иддао мекунад, ки қотил ҳамсари Ҳакимҷонро низ куштан мехост, аммо имкон ба ӯ даст намедиҳад...