Нилуфари Сарбоз дарди дили занҳоро гуфт
                        
                        Нилуфари Сарбоз-журналист ва ровии шинохта дар меҳмонии шоу-барномаи Парвоз107 буд.  Нулуфарро мухлисонаш бо садои ҷаззобу имиҷи хосаш мешиносанд.  Ӯ дар оилаи тоҷир ба камол расид, факултети филологияи тоҷикро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм намуда, корро аз телевизион оғоз намудааст ва имрӯз яке аз чеҳраҳои ошност.  Ӯ чанд муддат дар яке аз академияҳои Хитой низ дар самти ҳифзи ҳуқуқ таҳсил намуда, дар Вазорати корҳои дохилӣ низ ифои вазифа намудааст.   Ӯ ҷаҳонгардиро дӯст медорад ва дониши қавию ҷаҳонбинии васеъ ӯро дар ҳар ҷодаи интихобнамудааш муваффақ гардонидааст. Нилуфар имрӯз блоги худро дар инстаграм пеш мебарад ва таронаҳои ӯ дили миллионҳоро тасхир намудааст. Ҳоло оиладор нест ва мехоҳад бо ҷавони ҳамфикру ҳамдили худ дар оянда оиладор шавад.  Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info
 Facebook:   / asiaplustj   Instagram:   / asiaplustj    #таджикистан #asiaplus    
                    
                    
 
  
             
  
             
  
             
  
             
  
             
  
             
  
             
  
            