Чорводориву боғпарварии оилаи австралиягӣ дар Тоҷикистон
Баръакси ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо орзуи рӯзгори беҳтар барои худу фарзандон талоши ҳиҷрат ба хориҷаро доранд ва зер зулму ситам дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, оилае аз Австролиёи дурдаст аз будубош ва кораш дар Тоҷикистон изҳори хушбахтӣ мекунад. Ҷефрӣ Дилон, сарвари ин хонавода мегӯяд обуҳаво ва имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ӯро водор кардааст, ки дар инҷо бимонанд ва ба чорводориву боғпарварӣ машғул гардад. Дар ин соҳа ӯ бо навгониҳои хеш соҳиби бренди худ шуд ва як қисми бозори Тоҷикистонро бо паниру ширу ҷурғот таъмин мекунад. Озодӣ дар Твиттер: / radioiozodi Озодӣ дар Фейсбук: / radio.ozodi Озодӣ дар Инстаграм: / radioiozodi