Шамсиддин Мухиддинов - Хама азизон зери замин хобидаанд
Шамсиддин Мухиддин / Шамсиддин Мухиддинов Бар замин оҳиста пой мон ки касон хобидаанд, Одаму ҳавою ҳам пайғамбарон хобидаанд, Аҳли илму маърифат як-як бирафтанд аз ҷаҳон, Орифону шоирону, ҳофизон хобидаанд, Зери хоки дидаам чумлаи шоху гадо Хотами тай Кайкубоду Нушервон хобидаанд Шахсутуни точикион Исмоил Сомони буд Рудаки Фирдавсиву Ибни Сино хобидаанд Айниву Лохутиву Мирзои Турсунзода ку Хам точикон андар ин макон хобидаанд, Ку Хабибулои Назар Мирзои Ризо зери хок Хам Карим Девонаи ширинбаён хобидаанд Мошинатро оҳиста рону, як назар кун зери хок, Чанги хокро кам барор, ки Маҳвашон хобидаанд, Эй Рушель хомуш бош, бархез ба гуристон нигар Бигр ибрат ки хама пиру чавон хобидаанд