G
enby!

Омӯзгорони ДДТТ дар Барномаи «Душанбе – шаҳри дастовардҳо» баромад намуданд

Омӯзгорони ДДТТ дар Барномаи «Душанбе – шаҳри дастовардҳо» баромад намуданд Дар доираи баргузории барномаи фарҳангӣ-маърифатию илмию инноватсионии «Душанбе – шаҳри дастовардҳо», ки бо мақсади муаррифии пешравиҳои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргузор гардид, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) бо баромадҳои пурмуҳтаво ширкат варзиданд. Дар баромади худ, устодони ДДТТ ба таърифу тавсифи дастовардҳои назарраси шаҳри Душанбе дар самтҳои инфрасохторӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла бунёди иншооти муосири шаҳрдорӣ, рушди нақлиёти шаҳрӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва афзоиши иқтидори сайёҳӣ пардохтанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки шаҳри Душанбе тайи солҳои охир ба як маркази муҳимми илмиву инноватсионӣ ва соҳибкории навоварона табдил ёфта, нақши он дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург аст. Иштироки омӯзгорони ДДТТ дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд бозгӯйи ҳамкории самараноки муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақомоти шаҳрдорӣ ва саҳми онҳо дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад.

Смотрите также