«Рӯзи даъватшаванда» дар шаҳри Душанбе
Ҳамасола дар кишвар тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ду марҳила – баҳорӣ ва тирамоҳӣ амалӣ мегардад. Дар доираи ин иқдом, имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бахшида ба оғози даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ чорабиниҳои идона таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.