Дидадаро
Шеъри Нусратулло Бобоев Оҳанги Хусейн Додобоев Ҷаҳд кун, дидадарои бани инсон бошӣ, Кӯш то то қуфлкушои дари имкон бошӣ. Ҷойи он ки бизанӣ санг ба ҳафтоду ду пушт, Беҳ, ба ҳафтоду ду миллат ҳама яксон бошӣ Номи Аллоҳ чу ҳар дам ба забонат ҷорист, Беҳтар он аст, ба дил низ мусалмон бошӣ. #guitar #music #ашт Рамзи кампутари дилҳо амали нек бувад, Кӯш, то рамзкушои дили ёрон бошӣ. Мушкилосонкунӣ аз дастат агар сохта нест, Мушкилэҷод чаро бар ҳама осон бошӣ? Мардӣ он нест, ки қисмат бикунӣ мардумро, Мардӣ он аст, ки ҳамқисмати мардон бошӣ.