Авлоди Камоли Хуҷандӣ: "Ҳазрат 112 сол умр дида буданд"
Масъулини ҳукумати Суғд ният доранд шурӯъ аз охири сол ба ободонии Масҷиду мақбараи таърихии Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ оғоз кунанд. Сармутахассиси бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Хуҷанд Набиҷон Ҷӯразода гуфт, моҳи майи соли ҷорӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини фарҳанг, идораи сохмону дигар сохторҳои дахлдор аз Масҷиду мақбараи Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ дидан карда, супориш дод, ки нақшаи ободию азнавсозии ин ёдгориро кашанд. Ҷӯразода гуфт, ёдгории таърихӣ-фарҳангии, Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ ҳанӯз асри 13 қомат афрохта, дар паҳлӯи ин мақбара масҷиди як вақтҳо амалкунандаи намозгузорон бунёд гардида буд. Бо гузашти солҳо аз таъсири барфу борон ин масҷид ба ҳолати садамавӣ дучор гардидааст. Масҷиду мақбараи ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ ҷойи муқаддас аст Алихон Охунзода, ки ба гуфтаи худаш 25 –умин авлоди ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ аст 23 сол боз ба нигоҳубини масҷиду мақбараи ҳазрати Бобои Камол машғул мебошад. Ӯ гуфт: Дар ҳаққи Ҳазрати Бобо нақлҳои таърихӣ хеле зиёданд ва онҳо аз насл ба насл шифоҳию хаттӣ ба мерос мондаанд. Ҳазрати Бобои Камоли Хуҷандӣ 112 сол умр дида, дар давоми умри худ бисёр корҳои неку созандае барои таърих ва дин кардаанд. Он кас донандаи илмҳои замони худ илми ҳол ва илми қол будаанд. Ҳазрати Бобо дар охири асри 11 ва аввали асри 12 дар ҳамин макон зиндагӣ кардааст. Масҷиду Мақбараи Ҳазрати Бобо дар асри 13 сохта шудаанд. Аввалин намози ҷамоат дар ин макон, бино ба ривоятҳо, ҳанӯз 850 сол пеш хонда шудааст. Ҳазрати Бобо таҳаммулпазирии динӣ доштан Шарқшинос Ислом Раҳимов гуфт, ки бо вуҷуди вайрона будани масҷид дар сутуну деворҳояш санъати баланди наққошӣ, санъати кандаккорӣ , гаҷкорӣ ва хаттотӣ вуҷуд дорад. Ҳанӯз дар асри 13 хаттотони давр байтҳо ва дигар навиштаҷотро бо маҳорати баланд хаттотӣ кардаанд, ки дар деворҳои масҷид тӯли асрҳо боз боқӣ мондааст. Аз ҳамин лиҳоз ин макон аҳамияти бузурги таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ дорад. Дар паҳлуи масҷид се дарахти тут ҳаст, ки аз қадима ва таърихӣ будани ин макони муқаддас гувоҳӣ медиҳад. Шахсияти худи Ҳазрати Бобо дар сарчашмаҳои гуногун арзёбӣ шудааст. Аммо дар умум ишора ба шахси таҳаммулпазирии динидошта инъикос шудааст. Ӯ дар такя ба илмҳои замони худ мардумро ба сарҷамъӣ ва зиндагонии аҳлона даъват мекард. намояндагони динҳои гуногун дар як масҷид ҷамъ шуда, ибодат мекарданд. Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2018 масъулони созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамроҳи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот ороста, аз ин мазор ва масҷиди қадима дидан карданд. Дар он сол мутахассисони ЮНЕСКО се макони таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла ёдгории Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандиро сабт карда, ваъда додаанд, ки барои дубора эҳё кардану обод намудани ин мавзеъ кӯмак мерасонанд. Масҷиду мақбараи Ҳазрати Бобо барои мардуми шаҳри Хуҷанд ҷойи муқаддас ва зиёратгоҳ аст ва 800 сол инҷониб эҳтироми ин бузургворро ба ҷо оварда, поси хотирашро нигоҳ медоранд. Бовар меравад, ки баъди ободонӣ дар баробари макони динию муқаддас будан, ин макон як ҷойи сайёҳӣ хоҳад шуд. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: / asiaplustj Instagram: / asiaplustj #таджикистан #asiaplus