Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара
23.05.2019, ноҳияи Данғара Ҳамдиёрони азиз! Мо имрӯз ба назди шумо, сокинони шарафманди деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара омадем, ки бо натиҷаҳои заҳмати созанда ва дастоварду комёбиҳоятон дар ҷодаи дастгирӣ кардану амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шавем. Деҳоти Пушинг аз ҷумлаи мавзеъҳои бисёр бостонии Тоҷикистон мебошад. Дар асари “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров ин мавзеъ ба сифати як гӯшаи қадимаи кишварамон дар давраҳои гуногуни таърихӣ борҳо зикр шудааст. Соли 1954 Пушинг аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёт қарор гирифта, баъди таҳқиқоти илмӣ аз дохили гаҳворасангҳои деҳа ба миқдори зиёд тангаҳои тиллоии мансуб ба замони Кушониён бо акси шоҳ ёфт шудааст. Ин ва бисёр далелҳои дигар гувоҳӣ медиҳанд, ки Пушинг аз қабили деҳаҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар замонҳои куҳани таърихӣ, ҳамчунин, бо номи Ҳушанг низ ёдовар шудааст. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз ҳудуди деҳа осори се қабати таърихии рӯзгори сокинони он ошкор шудаанд, вале онҳо то ба ҳол мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор нагирифтаанд. Дар ҳудуди деҳаи Пушинг се қалъа вуҷуд доштааст, ки бар асари ҳуҷумҳои аҷнабиён хароб гардидааст. Дар деҳа оташдонҳои оҳангудозӣ, шабакаҳои махсуси обёрӣ ва хатти оби ошомиданӣ фаъолият мекардаанд, ки нишонаҳои онҳо то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Бинобар ин, бо итминон метавон гуфт, ки дар байни сокинони Пушинг ғайр аз кишоварзиву чорводорӣ, инчунин, ҳунарҳои кулолгарӣ, оҳангудозӣ ва косибӣ низ ривоҷ доштаанд. Пушинг, ҳамчунин, яке аз марказҳои илму фарҳанг ва ҳунармандии минтақа ба шумор мерафтааст. Сокинони он имрӯз низ омӯзиш ва пос доштани меросу анъанаҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии гузаштагони некноми худро идомаи нек мебахшанд. Вобаста ба ин, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки доир ба омӯзиши мавзеъҳои таърихии ин гӯшаи диёрамон корҳои таҳқиқотиро ба роҳ монда, барои ҷалби сайёҳон ба ин макон маводи таблиғотӣ ва муаррификунандаи ҳунару фарҳанги сокинони онро таҳия ва интишор намоянд. http://khovar.tj/2019/05/suhanronii-p...
ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★ WhatsApp: https://bit.ly/2K9HghP
★ Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ WebSite: https://bit.ly/2OmVA3m