Фарқиятхои қонуни нави САҲШ аз қонуни қаблӣ
Чанде пеш парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ” тағйироту иловаҳо ворид намуд. Қонуни нав ба раванди бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳим, аз қабили Шаҳодатномаи таваллуд, Шаҳодатномаи вафот, бастани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, бекор намудани никоҳ, бастани аҳдномаи никоҳ ва тағйир додани насаб ном ва номи падар чӣ дигаргуниҳо ворид кардааст? Аз барномаи "Қонун ва ҷомеа" шумо ба саволҳои худ посух гирифта метавонед. Подкасти мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ”-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.