Гуфтугӯ бо Дилшод Шарипов, раҳбари Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24"
Дар нишасти имсолаи САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ҳузур надоштанд, аммо фаъолон, рӯзномангорон ва мухолифони тоҷик мисли солҳои қабл фаъол буданд. Аз ҷумла, Дилшод Шарипов, раҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, дар яке аз нишастҳо, ки “Озодиҳои асосӣ” ном дошт ва мавзуъҳои озодии андеша ва баён, озодии ВАО ва бехатарии журналистонро дар бар мегирифт, ҳукумати Тоҷикистонро ба монополияи иттилоотӣ ва канор задани овозҳои мустақил муттаҳам намуда, таъкид кард, ки ҷомеа дар кишвар аз дастрасӣ ба иттилои объективӣ маҳрум аст. Инчунин Шарипов гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон қудратро ғайриқонунӣ ба даст гирифтааст ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аз шиканҷа, қатл ва ҷиноятҳои ин режим огоҳанд. Ӯ таъкид кард, ки мухолифон ва фаъолони тоҷик аз соли 2016 дар хориҷ бо далел аз ҷиноятҳои режими Раҳмон мегӯянд, аммо Тоҷикистон чор сол пай дар пай нишастҳои САҲА-ро нодида мегирад, тавсияҳо ва уҳдадориҳои ин созмонро иҷро намекунад ва пайваста оини онро поймол мекунад ва ҳатто дар интихоботи порлумонии моҳи март нозирони САҲА-ро роҳ надод. Ба гуфтаи раҳбари “Гурӯҳи 24”, САҲА таъсири худро аз даст додааст ва ба як сохтори бюрократӣ табдил ёфтааст, ки наметавонад ба буҳронҳои байналмилалӣ самаранок посух гӯяд ва ба як ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ӯ таъкид кард, ки Русия аллакай чор сол аст, ки ба Украина ҷанг эълон кардааст, аммо то ҳол узви САҲА боқӣ мондааст. “Агар хориҷ кардани Русия душвор бошад, ҳадди ақал марионеткаи Русия — Раҳмон, ки Тоҷикистонро дар САҲА намояндагӣ мекунад, хориҷ кунед. Шумо мегӯед, ки дар оиннома тартиби хориҷ кардани кишвар аз созмон пешбинӣ нашудааст. Кӣ ба шумо монеъ мешавад, ки оинномаро тағйир диҳед? САҲА аз созмони байналмилалии таъсиргузор ба як ниҳоди бюрократӣ табдил ёфтааст, ки наметавонад ба чизе таъсир расонад. Ба ин толори нисбатан холӣ нигаред, ки дар он 50-умин солгардаш конфронс баргузор мешавад. Дар ин рӯзҳо шумо намояндагони расонаҳои ҷаҳонӣ, аврупоӣ ё маҳаллиро дидаед? Шумо ҷараёни кори ҳатто як рӯзноманигоре, ки ин чорабинӣ таҳлил мекунад, дидаед?” – мегӯяд Дилшод Шарипов Дар охир ӯ аз масъулини ин нишаст пурсид, ки ба онҳо сифати кор муҳим аст ва ё миқдори кишварҳои узв? “Агар сифат лозим бошад, бояд сохтор ва оинномаро тағйир диҳед. Агар миқдор муҳим бошад, Венесуэла, Эритрея ва Куриёи Шимолиро ба созмон қабул кунед ва шумораи аъзоҳо ба 60 мерасад. Ва охирин чиз, ҳозирини гиромӣ, лутфан назарсанҷӣ байни ҳамаи иштирокдорони конфронс дар бораи фаъолиятҳоятон гузаронед. Ман ба шумо кафолат медиҳам, ки посух қонеъкунанда нахоҳад буд.” – гуфт раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.
Смотрите также
