Машқи бобои Сафаралӣ. Муйсафеди 90 сола
#Машқи_бобои_Сафаралӣ_муйсафеди_90_сола 14.12.20 Машқи пагоҳрӯзии мӯйсафеди 90-сола -Бохтар Машғул пагоҳирӯзи аз ҳар ҷиҳат ба саломатии инсон фоидабахш буда, боиси обу тоб ёфтани бадан ва солиму бардам мондани мӯйсафи 90-солаи тоҷик гардидааст. Сафарали Палвонови солхӯрда дар як рӯз ду маротиба ба варзиш машғул шуда, онро василаи тарзи хайёти солим медонад. Ҳамкорони мо дар бора аз шаҳри Бохтар гузориш омода намудаанд. Сокини 90-солаи ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадони Сафаралӣ Палвонов айёми пириро ҳам мисли ҷавонон меронад. Зеро ӯ аз баччагӣ то ба имрӯз ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шуда, солиму бардам мебошад. Чанд рӯз мешавад, ки субгоҳон Бобои Сафаралиро дар майдони варзишии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Бохтар банди обу тоби бадан ва машку тамрин мебинем. Зимни суҳбат маълум шуд, ки ӯ барои хабаргирии наберагонаш ба хонаи писараш омадааст. Ба гуфтаи Бобои Сафаралӣ вай ҳаркуҷоеки равад шароиту имконоти муносиб ёфта, ҳатман машқ мекунад. Ӯ дар ин маврид ҳеч танаффус надорад. Зеро варзишро дӯст медораду ҷавононро низ ба тарзи ҳаёти солим даъват мекунад. СИНХ: Сафаралӣ Палвонов, сокини ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Павлонов мегуяд, ки ҳарчанд синаш ба 90 расида бошад ҳам, аммо тану бозуаш ҷавон аст. Чунки ягон рӯзи худро бе варзиш тасаввур карда наметавонад. Ҳар рӯз то ду километр медавад. Рафти машқу тамрини бобои Сафаралӣ хеле диққатҷалбкунанда аст. Ӯ мисли навраси 18-сола пурҳаракат буда, дилдодаи тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Ин марди хирад ба насли наврасу ҷавон тавсия медихад, ки ба варзиш машгул шаванду мисли ӯ дар пири дарди баданро набинанд. СИНХ: Сафаралӣ Палвонов, сокини ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ Бобои Сафаралӣ танумандии худро дар машқи пагоҳрӯзӣ, ҳаракати ҷисмониаш медонад. Вай “Гар ба варзиш қаринӣ, дарди бадан набинӣ”-ро шиори худ дониста, ин роҳи тандурустиро ихтиёр намудааст.