“Деҳаи Қаратоғ дар миёни 126-деҳа яке аз беҳтаринҳо ҳисобида шуд”
Ҷоизаи “маҳаллаи беҳтарин“-ро Раиси шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба сокинони деҳа супорид. Зимни доир сохтани як чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти шаҳр аз ширкати фаъолонаи мардуми деҳаи Қаратоғ дар баргузории иди наврӯзи имсола изҳори миннатдорӣ кард. Сиҷоуддин Саломзода раиси шаҳр таъкид дошт, ки заҳматҳои шабонарӯзии сокинони деҳаи Қаратоғ ва иштирокашон зимни корҳои тозагиву ободонӣ ва дар доир сохтани иди Наврӯз шоистаи таҳсину офарин аст.