Дар ноҳияи Мастчоҳ наздик 22 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардид.
Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят маъракаи муҳими ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ кӯшиш доранд, бо ба даст овардани ҳосили хуб дурнамои истеҳсоли ин дури гаронбаҳоро таъмин намоянд. Заркорони ноҳия азми қавӣ доранд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ нақшаи истеҳсоли пахтаро саривақту босифат таъмин намоянд.