G
enby!

Шодравон Олим Бобоев -- Наврузи ачам

Мани шармандаро, ё Рабб, зи даргоҳат нарони чӣ, Агарчи ғарки исёнам, ба лутфи хеш хони чӣ. Дар он соат, ки Азроил бисозад қасди ҷони ман, Дар он дам бар забонам номи поки худ бирони чӣ. Асири тори доми анкабути нафси шайтонам, Ба вақти марг имонам зи чанги у раҳони чӣ. Каримо, аз карам, ё Рабб, ту ҷисми пургуноҳи ман, Ба саҳрои қиёмат бекасу музтар намони чӣ. Бувад бориктар аз мую в-аз шамшер бурротар, Чу бар яктурфату-л-ъайн аз сиротам бигзарони чӣ. Куни озод аз дузах, Илохи, осиёнатро, Суи чаннат бари аз шарбати Кавсар чашони чӣ. Ба хаққи ҳурматат, ё Рабб, мани дилхастаи Маҳзун, Ба назди Ахмаду Мухтору ёронаш расони чӣ.

Смотрите также