Ифтитоҳи бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд
24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нав нахуст бо пахши тугма ба фаъолияти телевизиони «Суғд» дар формати дақиқияташ баланди HD оғози расмӣ бахшиданд. Намоиши барномаҳои телевизиони «Суғд» дар формати нав бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосири иттилоърасонӣ ва пешниҳоди барномаҳо дар студияҳои сабту пахши намоишҳо дидан намуда, бо ҳайати эҷодию кормандони техникии телевизион ва радио суҳбати самимӣ анҷом доданд. ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★Telegram: https://bit.ly/2vheVeX
★ YouTube: https://bit.ly/2LKrABs
Не забываем подписаться на канал, а если понравилось - поставить Лайк