G
enby!

Оғози сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

24 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона истиқбол намуда, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд. Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. 24 июля на площади перед Дворцом нации, которая была празднично оформлена в честь государственного визита высокого гостя, состоялась торжественная церемония официальной встречи Президента Монголии уважаемого Ухнаагийна Хурэлсуха. Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон сердечно поприветствовал Президента Монголии уважаемого Ухнаагийна Хурэлсуха и пригласил его на почётный подиум. Церемония встречи продолжилась рапортом командира Почётного караула высокому гостю, исполнением государственных гимнов двух стран, прохождением глав государств перед Почётным караулом, выражением уважения к Государственному флагу Таджикистана, знакомством с официальными делегациями обеих сторон и завершилась торжественным маршем подразделений Почётного караула перед главами двух государств. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Муғулистон #Монголия #Mongolia President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Смотрите также