Эркин Одинаев - Он қадар дер омадӣ, то дафтарамро бод бурд... NEW 2026
Он қадар дер омадӣ, то дафтарамро бод бурд, Вожаҳои тозаву шеъри тарамро бод бурд. Мунтазир будам, биёӣ, бӯсаборонат кунам, Дер кардӣ, бӯсаи ширинтарамро бод бурд. Менавиштам то саҳар дар васфи чашмонат, чи суд? Дар нигоҳат сӯхтам, шеъри тарамро бод бурд. Гармии оғӯши ту, яъне, саропо бӯйи ишқ, То ки мӯҳтоҷаш шудам, зад дастарамро бод бурд. Бо сипоҳи муқтадир мехостам фатҳат кунам, Як назар кардӣ, амири лашкарамро бод бурд. Як сабад ёқути сурхӣ, пас намедонам чаро? Хоб дидам, ёқути ангуштарамро бод бурд.