G
enby!

УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД...

Дар Самарқанд ҷашни 144-солагии поягузори адабиёти муосири тоҷик, адиби зуллисонайн, арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятӣ Садриддин Айнӣ дар Хона-музейи ба номи устод бо баргузории тадбири адабӣ васеъ қайд карда шуд. Дар он сафири фавқулода ва мухтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбари маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова, шоир ва нависандагон, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирокдорони тадбир буданд.

Смотрите также