ДАР ИСФАРА "ТЕСЛА" И ОФТОБӢ СОХТАНД
Офтоби - барқӣ: Навраси тоҷик гуфт, ки “Тесла” и сохтааш чи бартариҳо дорад – видео Нурмуҳаммад Аминҷонов хонандаи синфи 10 и шаҳри Исфара мегуяд, барои сохтани мошини нав ҳудуди як сол вақт сарф кардааст. Ӯ чанд рӯз пеш бо “Тесла” и худ ба озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон “Илм – фурӯғи маърифат” ба шаҳри Хуҷанд рафт ва аз он ҷо бо ҷоиза баргашт. Ин толибилми гимназияи № и деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард, ки чи гуна ба сохтани ҳамчунин худрав даст заду муваффақ шуд. “Медидам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мошини “Тесла сибертрак” зиёд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, ба худ қарор додам, ки ин мошинро месозам. Шаш моҳ ба ҷамъоварии қисмҳои эҳтиётиаш, ки аз мошинҳои кӯҳнашудаи Мерседес, Опел ва Лада иборат мебошад, машғул шуда давоми як сол онҳоро васлу насб кардем” – гуфт, Аминҷонов. Ин навраси навовар мегуяд, шакли тоҷикии “Тесла сибертрак” аз чанд ҷиҳат бартариҳои худро дорад. Ин мошинаш бо муҳаррики 2 киловат ҳаракат мекунад ва суръаташ то 80 км соат мерасад ва аз батареяҳои офтобӣ неру мегирад. Нурмуҳаммад Аминҷонов иброз намуд, ки барои сохтани ин худрав барояш устодаш Зикруллохуҷа Асроров, мурабии челенгар кӯмак кардааст. Нурмуҳаммад мегуяд, ин бори сеюм аст, ки дар озмуни ҷумъуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ширкат меварзад ва ин бор сохтааш аъзои ҳакамонро ба ҳайрат гузоштааст. Озмуни ҷумҳурияии “Илм – фурӯғи маърифат” таҳти сарпарастии раисҷумҳури Тоҷикистон доир шуда, имсол дар вилояти Суғд дар даври аввал 69 ҳазор нафар дар даври 10, 6 ҳазор нафар ва дар даври сеюм 1400 нафар донишу маҳорат ва маҳсули тахаюл (абзор) и худро пешниҳод кардаанд. Даври вилоятии ин озмун аз рӯи 8 номинатсия ҷамбаст гардид ва 156 нафар толибилмон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат дарёфт карданд, ки дар миёни онҳо Нурмуҳаммад Аминҷонов низ ҳаст. Қарор аст, даври ниҳоии ин озмун то поёни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад. Дар як вақт бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳама ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд. Соли 2025 барои ҳар ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Масъулони Идораи маориф мегуянд, баргузории ин гуна озмунҳо барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ ва барномасозию технологияи рақамӣ заминаи хуб фароҳам гардида шавқи наврасони навъовар ҳам бештар мегардад. @XTesl @avtosalon-syndicate @moshin_az_korea