Дар сари қабри Мирзо Абдулқодири Бедил/Аллома ва нобиғаи бузурги Тоҷику Форс
Адабгоҳи муҳаббат нозу шўхӣ барнамедорад, Чу шабнам сар ба меҳри ашк меболад нигоҳ онҷо. Ба ёди маҳфили нозаш саҳархез аст аҷзоям, Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ онҷо. Муқими дашти улфат бош, хоби ноз сомон кун, Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ онҷо. Хаёли ҷилвазори нестӣ ҳам оламе дорад, Зи нақши по саре бояд кашидан гоҳ-гоҳ он ҷо. Хушо базми вафо к-аз ҳиҷлати изҳори навмедӣ, Шарар дар санг дорад пар фишониҳои оҳ он ҷо. Ба саъйи гайр мушкил буд з-ошуби дуй растан, Саре дар ҷайби худ дуздидаму бурдам паноҳ онҷо. Дил аз камзарфии тоқат набаст эҳроми озодӣ, Ба санг ояд магар ин ҷому гардад узрхоҳ он ҷо. Ба Канъони ҳавас дарде надорад Юсуфи матлаб, Магар дар худ фуру рафтан кунад эҷоди чох он ҷо. Зи бас файзи саҳар меҷўшад аз гарди саводи дил, Ҳама гар шаб шавад, рўзат намегардад сиёҳ он чо. Зи тарзи машраби ушшоқ сайди бенавоӣ кун, Шикасти ранги кас обе надорад зери кох он чо. Замингирам ба афсуни дили бемуддао, Бедил, Ба он водӣ, ки манзил низ меафтад ба рох он ҷо. Мирзо Абдулқодири Бедил Мирзо Абдулқодир Бедил яке аз намояндагони бузурги адабиёти классики форсу тоҷик ва барҷастатарин шоири форсизабони Ҳиндустон маҳсуб мешавад. Бедил соли 1644 дар шаҳри Азимободи вилояти Банголаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Номи аслии шоир Абдулқодир буда тахаллуси адабиаш Бедил будааст. Гузаштагони шоир аслан аз атрофи шаҳри бостонии Самарқанд будаанд. Баъдан ба Ҳиндустон сафар намуда он ҷоро ҷойи зисти худ қарор додаанд. Унвони “МИРЗО” гирифтани номи Бедил ба авлоди бузург мансуб будани ӯ далолат мекунад. Касбу кори падару бобоёни ӯ сипоҳӣ будааст. Баъд аз вафоти падар модараш ӯро ба мактаб медиҳад. Ҳангоми таҳсил дар мактаби ибтидоӣ Бедили хурдсол аз қонуну қоидаи забони форсии тоҷикӣ, арабӣ ва аз назму насри форсии тоҷикӣ хуб баҳравар мегагдад. Аз овони кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ ҳаваси беандоза доштааст. Ба қавли худи шоир ҳангоми 10 сола буданаш бахшида ба яке аз ҳамсабақонаш рубоии зеринро тақдим намудааст: Ёрам ҳар гаҳ дар сухан меояд, Бўи аҷибаш аз даҳан меояд. Ин бўи қаланфур аст, ё накҳати гул? Ё роиҳаи мушки Хутан меояд. Баъд аз таҳсили мадраса амакаш тарбияи Бедилро бевосита ба зимаи худ мегирад.Ӯ ҳамчун устоди сухан ва шеъру адаби форсӣ ба воя мерасад. Ва ниҳоят дар синни 77 солагӣ соли 1721 дар Деҳлӣ вафот мекунад. МирзоБедил аз овони ҷавонӣ ба фаъолияти илмиву адабӣ корҳои эҷодӣ сарф кардааст. Ӯ зиёда аз 65 соли умри бобаракати худро ба корҳои эҷодӣ сарф кардааст. Асарҳои зиёди назмиву насрӣ таълиф намудааст. Аз шоир осори зиёде боқӣ мондааст: “Дебоча” “Ирфон” “Тӯримаърифат” “Нукот” “Ишорот ва Ҳидоёт” “Руқаот” “Чор унсур” “Муҳити аъзам” “Тилисми ҳайрат” “Ғазалиёт” “Рубоиёт” “Қасоид” “Ташбеҳ ва тамсилот”… Бедил дар асарҳои худ ба масъалаҳои гуногун дахл намудааст. Тағрибу ташвиқи адлу инсоф танқиди зулму золимӣ дар асарҳои шоир мавқеи муҳим доранд. Аз руйи фикру андешаи Бедил дар он ҷое, ки зулму ситам ҳукмрон бошанд он ҷо адолат пойдор буда наметавонад. Мирзо Бедил беадолатӣ ва зулму ситами ба сари халқи меҳнаткаш омадаро аз кинаву адовати соҳибмансабону ҳокимони золим медонад: Аз фақирон ба кас ситам нарасад, Гардани аҷз ба ҳам нарасид. З аҳли ҷоҳ ин ҷунун бурун задааст, Ки ҷаҳон ҷоми дил ба хун задааст. Бедил чунин ақида дорад, ки зиндагии хубу осудаи золимон аз паси чандин меҳнати тоқатфарсои мардуми оддӣ ба миён меояд: Эй номи ту гарм аз тафи дилҳои кабоб! Аз хиҷлати зулм боядат гаштан об! То коми ту молида як ангушт асал. Бунёди ҳазор хона гаштаст хароб! Ҷаҳони Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил бузургҷаҳони ниҳоят рангин ва фарох аст, ки бозкушоии он хеле мушкил аст. Талоши шинохти ростин тақозои фитрии сирати инсон аст ва шинохти мураббиёни маънавияту хиради инсонӣ амрест воҷиб ва муқаддас. Бедил шахсиятест, ки шабеҳи уқёнуси асрор ва маънӣ, бо розу ҷаззобият ва сеҳри маъруфияти бесобиқа. Сарманшаи ӯ аз минтақаи фарҳангии Хуросони бузург буд ва дар қалби Ҳинди гуҳарбор парвариш ёфт. Бедил ва сабки баланди ҳиндии ӯ на фақат доираҳои адабиро тасхир намуданд ва ба ҳунари мусиқӣ (бахусус, ‘'Шашмақом”-и безавол) ҳамроз гардиданд, балки ба ҳар ноҳия ва минтақа, ба ҳар маҳалла ва гузар ва муҳимтар аз он, ба ҳар хонадон роҳ ёфтанд. Ба шаҳодати таърих дар Хуросону Мовароуннаҳр чи дар шаҳрҳо ва водиҳо ва чи дар дараҳои кӯҳистон Бедил аз зумраи шоирони машҳуртарин ва маҳбубтарин буд: маҳфилҳои бедилхонӣ ва бедилфаҳмӣ фаъолияти густурдаи маърифатӣ доштанд. Бедил дар оғози асри XXI пайвандгари таърихӣ ва маънавии ду кишвари дӯст — Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст. Даврони зиндагии Бедил замоне буд, ки дар тасаввури аксарият аҳди зарини адаб ва фарҳанги форсӣ паси сар гардида буд ва гӯё заминаи амалии зоҳир шудани нобиғаи шеър мисли Мирзо Бедил вуҷуд надошт. Вале хилофи он падидаи беназире зуҳур намуд, ки на фақат рӯҳи бузурги ин адиби дурахшонро комилан ҷилвагар сохт, балки сабки навинеро рушд дод ва ба авҷи худ бардошт, ки муддати тақрибан сесад сол дар Ҳинд, Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳамчун дастоварди бузурги адабӣ пазируфта шуд ва интишори ниҳоят васеъ ёфт.