Дарди дили марди нобино
Мавзунҷон Ғафурзод ҳамагӣ 28-сол дорад. Вай аз модар нобино ба дунё омада, дар зиндагӣ ранҷу азобҳои зиёде кашидааст. Мавзунҷон дар хурдсолӣ аз модар ятим монда, дар тарбии модари угай ба воя расидааст, вале ба ин ҳама шикастҳо аз зиндагӣ дилшикаста нашуда, аз хурдӣ ба омӯзиши донишу ҳунар шавқу рағбати беандоза дошт ва ҳамин муҳаббат ӯро аз деҳаи Ёрии Панҷакент ба мактаб-интернати нобиноёни шаҳрии Ҳисор овард. Мавзунҷон ҳанӯз давраи дар консеравтория таҳсил карданаш дар ансбали “Чаман” ба фаъолияти ҳунарӣ шуруъ намуда, то ба имрӯз дар ин дастаи овозадор ҳунарнамоӣ мекунад. Азбаски Мавзунҷон аз дидаи бино маҳрум аст, ҳамкоронаш барои аз роҳ гузаштан ҳамеша кӯмакаш мекунанд. Мавзун дар қатори 14 -узви ансабли “Чаман” дар таҳия ва банду басти сурудҳо саҳми назаррас дорад. Тавре, ки роҳбари ансамбл, ҳунарманди маъруфи тоҷик Наҷмиддин Қаландар зимни сӯҳбат бо мо қайд кард, Мавзунҷон яке аз нафарони лозимӣ дар ансамбли “Чаман” ба шумор рафта, ягон суруд бе гирифтани назари ин ҳунарманд банду баст ва омода намешавад. Мавзун то ба ин даргоҳ расидан мушкилиҳои сахту сангинеро пушти сар кардааст. Ӯро дар ҳама ҳолат Убайдулло Убайдуллоев дастгирӣ мекард ва Мавзунҷон аз ин марди Худодод аз замин то осмон миннатдор аст. Қаҳрамони мо Мавзунҷони Ғафурзод нобинои кул буда, на падар дораду на модар ва на бародаре, ки дасташро гирифта ба вай ёрӣ расонад. Вай хонаи шахсӣ надорад ва муддати 9 сол боз дар яке аз хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ мекунад. Тӯли ин солҳо мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардааст. Мавзун мегӯяд: “Ман ба устои барқчӣ ниёз надорам, ҳарчанд аз дидаибино маҳрум бошам ҳам, асбобҳои барқии вайроншударо худам дуруст мекунам ва бар замми ин, ҷевону миз месозам. Солҳои зиёди дар ба дарӣ хаставу афгораш карда бошад ҳам, бо ин ҳама мушкилиҳо навмед нагашта аз паси эҷоди суруду тарона аст. Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин ҷавони маъюб ва ҳунарманд дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии зерин гузаронанд: Корт 9762 0000 2328 9092 (Душанбе сити) Корт бо рақами +992-935-469-717 пайваст мебошад.