Муфтӣ аз мардум даъват кард, ки аз тағйири шакли биниву лаб ё ба қавле ботокс даст кашанд
Суханронии муфтии Тоҷикистон, ки хост ҷавонон аз тағйири шакли биниву лаб ё ба қавле ботокс даст кашанд дар шабакҳаои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба по кард. Саидмукаррам Абдулқодирзода, чанд рӯз пеш дар сухаронияш, ки навори онро Шӯрои уламо нашр кард, калон кардани лаб тавассути сузандоруро маҳкум кард. Муфтӣ аз мардум даъват кард, ки ба ҳусни Худодод қаноат намоянд. Афзоиши таваҷҷӯҳ барои тағйири еҳра бозори косметологҳоро дар Душанбе гарм кардааст. Дар шабакаҳои бархе аз мавқеи муфтӣ дар бораи ботекс ҷонибдорӣ кардаву гурӯҳи дигар гуфтаанд, беҳтар буд муфтӣ ба мавзӯҳои ҷиддиву муҳимтаре таваҷҷӯҳ кунад. Дар робита ба ин мавзӯъ мо ҳам назари чанд сокини пойтахтро пурсон шудем.