Вазир гуфт, интихоби кӯдаки 10-миллиона шаффоф буд. Сокинон шубҳа доранд
Вазири тандурустии Тоҷикистон тасмими муайян кардани шахсияти шаҳрванди 10-миллионнафарии ин кишварро чун “ҷараёни шаффоф” ҳимоят кард ва гуфт, ки интиқодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин замина асос надоранд. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳисоби тифле, ки аҳолиро ба 10 миллион расонд, одилона намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, навзодоне, ки солҳои пеш аҳолиро ба 7, 8, 9 ва 10 миллион расонданд, ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаанд ва ин шубҳабарангез ба назар мерасад.