Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Нимаи дуюми 24 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паҳндараи деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод роҳи мошингарди “Чилдухтарон-Ховалинг”-ро ифтитоҳ карданд. Роҳи мошингарди “Чилдухтарон-Ховалинг” аз иқдомоти шоистаи сокинони бо нангу ори ноҳияи Мӯъминобод мебошад, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз моҳи октябри соли 2019 бо саҳми оилаи Амировҳо сохтмони роҳи мошингарди “Чилдухтарон-Ховалинг” оғоз гардида, бо дароозии 12 километр ба анҷом расонида шуд. ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: Не забываем подписаться на канал, а если понравилось - поставить Лайк #Tojikiston #Muminobod #Childukhtaron
Смотрите также
