Ба истифода додани роҳи аз гардиши Роғун - Нуробод то маркази шаҳри Роғун
Ба истифода додани роҳи аз гардиши Роғун - Нуробод то маркази шаҳри Роғун 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишуда аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд. Ин масир 11 км буда, дар доираи корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳри Роғун мумфарш карда шудааст ва ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёту иртиботи шаҳр бо дигар минтақаҳоро беҳтар менамояд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Роҳҳо омили асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ буда, ба таъмини зиндагии шоистаи мардум замина мегузоранд. Бунёд ва навсозии роҳҳо дар шаҳри Роғун низ дар заминаи ҳамин сиёсати созандаи Роҳбари давлат амалӣ карда мешаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти ин масирро ба рушди корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин иншооти аср - Неругоҳи барқии обии Роғун низ муассир арзёбӣ намуданд. Чун ҳамарӯза ба иншоот садҳо тонна маводи сохтмонӣ, таҷҳизот ва техника интиқол меёбад, ки ин талабот танҳо дар сурати мавҷуд будани роҳҳои ҳамвору муосир иҷро мегардад. Дар ин баробар роҳҳои нав барои таъмини ҳаракати озоди коргарон, муҳандисон ва мутахассисон шароит фароҳам меоранд, ки ин метавонад аз ҷумлаи омилҳои суръатбахш дар раванди кор бошад. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби гарм - Нуробод оғоз бахшиданд. Дарозии роҳ 75 км буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил мешавад ва паҳноии стандартии он 12 метр аст. Бо ҳадафи бартараф намудани монеаҳои табиӣ дар доираи лоиҳа се нақби мошингузар сохта шудааст. Нақби «35 – солагии Истиқлолият» дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бо дарозии 2605 метр, нақби «Ваҳдат» дар маҳаллаи Луғур бо дарозии 1700 метр ва нақби «Ориёно» дар мавзеи дараи Ҳавз бо дарозии 1600 метр масофаи роҳро 24 км. кутоҳ намуда, масрафи сӯзишворӣ ва талафоти вақтро коҳиш медиҳад. 26 августа Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в продолжение поездки в Нурободский район дал старт работе важнейших объектов Раштской долины – дороги Оби гарма - Нурабада. Протяженность дороги составляет 75 км, строительные нормы и правила относятся к третьему техническому классу дорог, а её стандартная ширина составляет 12 метров. С целью устранения естественных препятствий в рамках проекта построены три автомобильных тоннеля. Тоннель «35-летие Независимости» в сельском джамоате Хакими протяженностью 2605 метров, тоннель «Вахдат» в махалле Лугур протяженностью 1700 метров и тоннель «Ориёно» в местечке ущелья Хавз протяженностью 1600 метров сокращает дорогу на 24 км, уменьшает расход топлива и экономит время. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Нуробод #Нурабад #Nurobod President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube`