Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд
Зиёда аз ҳазор хатмкунанда, 5 соли фаъолият ва 4 филиал – ин ҳама дар бораи маркази забономӯзии бузурге ба номи машҳури Oxford мебошад. Дар Oxford Learning Centre барномаҳои муосири омӯзиши забон ҷорӣ шудаанд, ки на танҳо донишҳои назариявӣ медиҳад, балки забонро амалан, бо дорандаи забон меомӯзанд. Ваъда медиҳанд, ки натиҷа алкай дар як ҳафта маълум мешавад. Дар доираи подкасте мо бо Фаридун Муродӣ, муассиси ин марказ ҳамсуҳбат шудем. Ӯ дар бораи он нақл кард, ки чӣ гуна тавонист як идеяеро ба воқеият табдил диҳад, кадом усулҳои муосир барои омӯзиши забонҳо самарабахшанд ва чӣ тавр бо кӯмаки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд абзорҳои омӯзишии муосирро дар кори омӯзгорон ҷорӣ намуд. Ин силсилаи подкастҳо аз ҷониби Барномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд "Машварат барои тиҷорати хурд" маблағгузорӣ мешавад. Барнома бо дастгирии донорҳо — Иттиҳоди Аврупо, ҳукуматҳои Швейтсария, Ҷопон, ИМА тавассути Фонди дастгирии тиҷорати хурди БАТР ва донорҳои дигар, аз ҷумла Италия, Ҷумҳурии Корея, Люксембург, Норвегия, Шветсия ва Фонди ҳамкориҳои техникии Тайван — амалӣ мегардад. Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook: / asiaplustj Instagram: / asiaplustj #таджикистан #asiaplus#эмомали#саидзод#журналист#барнома#англиси#оксфорд#душанбе#азия#пилус#фаридун#